Ташрифи муовини сарвазир ба Истаравшан

 

Дар Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳри Истаравшан мулоқоти муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ширин бо кормандони соҳаи тибби шаҳр ва ситоди шаҳрии мубориза бо “Covid-19” баргузор гардид. Дар мулоқот муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода маҷлисро ифтитоҳ намуда оиди вазъияти баамаломада ва доир ба чораҳои пешгирии бемории сироятии “Коронавирус” ҳисобот дод.
Исматуллозода Ширин дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро ба ҳозирин расонида даъват ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои ҳассос корбари ҷоннок гашта, ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шавад ва кӯмакҳои лозима дар вақташ ба масъулин расонида шавад.

Шавкат Ҳасанов

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*