ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Субҳи 13 январи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр ва масъулини самти иҷтимоиёт ҷаласаи муаррифии кадрҳои навтаъиншуда ба мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ доир гардид.

Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 январи соли 2024 ва қарори раиси шаҳри Истаравшан Зафарзода Парвиз Зафар муовини раиси шаҳри Истаравшан дар самти иҷтимоиёт таъин гардид.

Зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъингардида раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ёдовар гардида, зикр дошт, ки кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд.

Роҳбари шаҳр ба масъулин таъкид намуд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбатҳои хеш бо кадрҳои навтаъингардида таъкид менамоянд: «Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад».

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*