СОКИНОНИ ДЕҲАҲОИ ВАРСИҚУ ЧОРБОҒ ДАСТАҶАМЪОНА БУНГОҲИ ТИББӢ ВА МАКТАБ МЕСОЗАНД

13 январи соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар деҳоти “Чорбоғ” аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимӣ шинос шуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолм давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорон дар деҳаи Варсиқ бунгоҳи тиббӣ ва дар деҳаи Чорбоғ муассисаи таълимӣ иборат аз 38 синфхона бунёд шуда истодааст.

Зимни боздид раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба саҳмгузорон изҳори миннатдорӣ баён карда, барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*