Тақдими аробачаҳо ба маъюбон

Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани вазъи иҷтимоии ниёзмандон дар шаҳри Истаравшан мунтазам аёдати маъюбон ба роҳ монда шуда, воситаи ҳаракат барои одамони имконияташон маҳдуд, яъне аробача тақдим карда мешавад.

Вобаста ба ин муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Равшанбек Ҷабборов баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои МИҲД, имрӯз ба аёдати 3 шахсияти имконияташон маҳдуд – Бегимқулов Шокир (д. Зарҳалол), Холмуродов Имом (д. Оби зулол) ва Ҷӯраев Ҳусейн (д. Обҷувоз) рафта аробачаи маъюбӣ тақдим намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*