ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН!

      Санаи 5 декабри соли 2020 дар қалъаи таърихии “Муғтеппа” – и шаҳри Истаравшан бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” чорабинии расмӣ – адабӣ таҳти унвони “Ҳайрхоҳӣ шараф аст – волонтёр мешавам” бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
     Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед, 140 нафар волонтёрон ва 400 нафар ҷавононе, ки хоҳиши волонтёр шудан доранд иштирок намуданд.
    Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирокдоронро бо “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи кишвари азизамон миннатдории хешро баён намуд.
     Ҳамзамон дар чорабинӣ муроҷиатномаи ягонаи волонтёрон ба саҳми ҳозирин расонида шуда, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода волонтёрони фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*