Хонишҳои сиёсӣ

9.04.2020 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии N36 мулоқоти судманд бо иштироки ҷавонони шаҳр доир ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, ВНМО, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим” ва ” Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.
Вобаста ба мазмуну муҳтавои чорабинии мазкур мудири бахш Ҳотамзода Аскар ва сармутахассиси бахш Ҷовиди Ҷамшед ва директори муассисаи таълимии мактаби умумии №36 Мӯсоева Гулшан суханронӣ намуданд.
Ҷавонони шаҳри Истаравшан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирашон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон арзи сипос баён намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*