ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАН – ОЛИҲАИ ҲУСН ВА ТОҶИ ОФАРИНИШ” БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

 

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАН – ОЛИҲАИ ҲУСН ВА ТОҶИ ОФАРИНИШ” БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

5 марти соли равон дар толори “Кохи Фирдавсӣ” чорабинии тантанавии идона бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан – олиҳаи ҳусн ва тоҷи офариниш” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, собиқадорони арсаи меҳнат, фаъолзанон ва занони барӯманди Истаравшани бостонӣ ширкат варзиданд.
Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода занону бонувони арҷмандро бо Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, зикр дошт, ки боиси хушнудиву сарфарозӣ ва шукрона аз Истиқлолияти комилан устувори кишвари маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, ки аз нуру таровати он дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ободиву сарсабзии Ватани азизамон бо мардуми сарбаланди тоҷик дорои нерӯи бузурги созандагию бунёдкорӣ, сулҳпарварию ватандӯстӣ ва тараннумгари дӯстиву рафоқат мебошад.
Бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва тинҷию оромии кишвар боз ба диёри маҳбубамон санаи 8-уми март, ки воқеан дар ин рӯз мо яке аз зеботарин ҷашнҳои сол Рӯзи модарро таҷлил менамоем, фаро расида истодааст. Ин рӯзро ҳамасола мардум бо як эҳсоси гарм, қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва хушҳолӣ пешвоз мегиранд, зеро он ҷашни хоси занону модарони мо, яъне тарбиятгарони наслҳои башарият, офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ мебошад.
Ҳоло дар ин толори зебо, ки беҳтарин бонувони диёри мо, ба қавле гулҳои сари сабади хонадони мо ҷамъ омадаанд: Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва шахсан аз номи худам бо фарорасии ин ҷашни фархундапай таҳният намуда, ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба хонадони ҳар як сокини Истаравшани бостоншаҳр саломативу хушбахтӣ, сарбаландиву некномӣ, рӯзгори ободу осуда ва дастурхони пурнозу неъматро таманно менамоям.
Албатта дар ҳама давру замон зан, модар – ин олиҳаи ҳусн, асоси ҳастӣ ва неърӯи бузургу тавоноии халқу миллат аст, зеро бузургони олам дар назди қадру қиммат ва манзалати зан сари таъзим фуруд оварда, борҳо таъкид намудаанд, ки зан воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани Рузи модар ин рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзандон аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диққати худро бевосита ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба вазифаҳои хизмати давлатӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва дарёфти чеҳраҳои наву ташаббускор, соҳибмаълумот ва кордону соҳибтаҷриба равона намудааст. Боиси хурсандист, ки имрӯз қариб дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқи Истаравшан низ аз ҷумла самтҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, хизмати маишию алоқа, соҳибкорӣ ва ғайра шумораи зиёди занҳо содиқона кору фаъолият намуда истодаанд. Бори дигар Шумо занону модарони хушбахтро бо ин рўзи муборак шодбош гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Ҳамеша дар зиндагӣ пирўзу сарбаланд бимонед. Идатон муборак модарони азиз! – қайд намуд Адҳам Маъмурзода.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми шодбошии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, занону бонувони барӯманди шаҳри Истаравшани бостонро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош гуфт.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ дар васфи садоқати Зан – Модар, ишқ ва муҳаббат пешкаши занону бонувон гардонида шуда, таъби иштрокдоронро болида намуд.
Дар ҷамъбаст занону бонувон бо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*