ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ШАҲР АЗ ТОЗАГӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД”

ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ШАҲР АЗ ТОЗАГӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД”
Вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 15 апрели соли 2021, √195-9/16 тф бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ба тартиб даровардани дарахтони ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ва баровардани партовҳои атрофи идора, роҳ, ҷӯйбор, каналу обрав, кӯчаю хиёбонҳо, соҳили дарё, маҳаллаву деҳа, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғу гулгаштҳо санаи 17 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии умумишаҳрӣ зиёда аз 2800 нафар кормандони корхонаю ташкилотҳо, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, литсейи касбии техникӣ, марказҳои саломатӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон ва сокинони шаҳр дар назди манзили истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои маъмурии худ фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа кӯчаҳои протоколии шаҳр, ду канори ҷуйборҳои обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 8 км ва саҳни корхонаву ташкилотҳо аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр 3,3 км дохили сойи “Зарринруд” тоза карда шуда, зиёда аз 52 метр³ партов ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Дар ҳудуди 10 ҷамоати деҳот низ аз тарафи сокинон аксияи “Тозагии маҳал” ташкил ва гузаронида шуда, ду канори роҳҳои деҳаҳо, каналу обрав, ҷойҳои ҷамъиятӣ тоза ва дар назди идораҳои ҷамоатҳои деҳот дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади тоза нигоҳ доштан ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологии шаҳр баргузории чунин тадбирҳо дар оянда низ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*