ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ МТМУ №57, ХОНАИ САЛОМАТӢ ВА МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ “ВАҲДАТ”

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ МТМУ №57, ХОНАИ САЛОМАТӢ ВА МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ “ВАҲДАТ”
17.04.2021
Дар доираи сафари корӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолияти муассисаи таълимии №57 – и шаҳраки “Ваҳдат” боздид ба амал овард.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, дар муассисаи таълимӣ 270 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд. Муассисаи мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Муассисаи таълимӣ дорои маҷлисгоҳ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд ва волейбол мебошад, ки хонандагон имкон доранд, ба бозиҳои гуногун машғул шаванд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси шаҳри Истаравшан бо фаъолияти хонаи саломатии шаҳраки болозикр шинос гардида, дар сӯҳбат бо табибон иброз дошт, ки ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муносибат бо беморон диққати ҷиддӣ дода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намоянд.
Пас аз шиносоии раиси шаҳр бо вазъи зиндагии мардум бо фаъолон ва сокинони шаҳраки “Ваҳдат” мулоқоти самимӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳраки “Ваҳдат” доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор тавсияҳои судманд баён намуда, бо боварӣ изҳор дошт, ки мардуми ватандӯсти шаҳраки “Ваҳдат” дар оянда низ дар пешрафти Ватани азизамон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона месозанд.
Пас аз суханронии раиси шаҳри Истаравшан сокинони шаҳраки “Ваҳдат”, бо изҳори хушию сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи Ватан андешаронӣ карданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*