ШИНОСОИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲР БО ВАЗЪИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ ДЕҲОТИ “ЧОРБОҒ”

Субҳи 20 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан ҷиҳати шинос шудан бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” рафт. Ҷамоати мазкур 20180 нафар аҳолӣ дошта, аз 5 деҳа иборат аст. Дар ҳудуди деҳот 3 муассисаи таълимӣ, 1 беморхонаи ноҳиявӣ, 2 маркази саломатӣ, 1 хонаи саломатӣ, 2 китобхона мавҷуд мебошад. Сокинони деҳот ба кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ машғул буда, дар ҳудуди ҷамоат 645 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*