ШИНОСОӢ БО ВАЗЪИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ, АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ВА ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗАРҲАЛОЛ

Нимаи дуюми 10 феврали соли равон дар доираи нақшаи корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷамоати деҳоти Зарҳалол боздид ба амал оварда, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон аз наздик шинос гардид.
Дар ҷамоати деҳоти мазкур 39935 нафар аҳолӣ истиқомат дошта, дар ҳудуди он 10 деҳа, 2 шаҳрак, 47 корхонаи саноатӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 10 нуқтаи соҳаи тандурустӣ ва 2560 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд мебошад.
Дар оғози сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода собиқ раиси ҷамоати деҳоти мазкур Шавкат Шарипов ва оилаи модари ниёзманд Мирзоева Шарифа аз деҳаи Сӯфӣ Орифро аёдат намуда, ба онҳо аз номи роҳбарият маводи озуқаворӣ ва кӯмакҳои молиявӣ расонид.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*