ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ДУРЕДГАРИИ “УСТО СОЛЕҲ” ДАР ИСТАРАВШАН

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан рӯзи 3 январ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи дуредгарии “Усто Солеҳ” шинос шуд.

Коргоҳи дуредгарии “Усто Солеҳ” аз соли 2011 фаъолият менамояд ва ба Солеҳ Азизов мансуб мебошад.

Дар он беш аз 15 нафар кормандон, аз ҷумла занон ба кори доимӣ машғул шуда, дар сурати бисёр шудани фармоиш теъдоди кормандон зиёд карда мешавад.

Кормандон асосан бо тоза кардану буридани чӯб, рангпошӣ, наққошиву кандакорӣ ва дигар корҳо машғул шуда, қисман кори коргоҳ тариқи технологияи муосир идора карда мешавад.

Дар коргоҳи мазкур беш аз 20 намуд маҳсулот, аз ҷумла сутунпояҳо, мебел, наққошиҳо барои чилчароғ, айвонҳо (бисетка), кат, дар, мизу курсиҳо ва ғайра аз намуди чӯбҳои гуногун, ки аз давлатҳои Россия, Туркия ва Италия дастрас мешаванд, истеҳсол мегардад.

Раиси вилоят ба фаъолияти коргоҳ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки Истаравшани бостонӣ шаҳри ҳунармандони маъруф аст ва бояд анъанаҳои миллӣ бо чунин роҳҳо нигоҳ дошта шавад. Ба корҳои дуредгариву наққошӣ ҷалб гардидани бонувон низ иқдоми нек буда, ин амал бори дигар собит менамояд, ки омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба манфиати ҳар як шаҳрванд аст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*