Чораҳои зиддиэпидемикӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус

Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус гуруҳи корӣ иборат аз 8 нафар таъсис дода шуд.
Аз ҷониби тарғиботчиёни гуруҳи якум дар ҳудуди  марказии шаҳр, сокинони гирду атрофи он ва нуқтаҳои хизматрасонии савдо зиёда аз 500 адад муроҷиатномаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тақсим карда шуда, дар навбати худ ҷиҳати риояи қатъии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тозагии манзили зист, бе зарурият аз хона набаромадан ва истифодаи ҳатмии ниқоби тиббиро тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон аз тарафи тарғиботчиёни гуруҳи дуюм дар ҳудуди бозори марказии шаҳр ва дохили он бо сокинон, ронандагони нақлиётҳои мусофиркашон харидорон ва фурушандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум аз ҷумла мағозаву растаҳои бозор корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва риояи масофаи байни ҳамдигар  гузаронида шуда, 500 адад муроҷиатномаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тақсим карда шуданд.
Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан минбаъд низ корбариро дар ин самт идома мебахшад!!!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*