ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

3 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода маросими қадрдонии кормандони дастгоҳи раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба муносибати фарорасии ҷашни таърихӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Зикр гардид, ки дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлоли давлатӣ қадрдонӣ намудани собиқадорон ва кормандони фаъоли дастгоҳи раиси шаҳр нишон аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, амалишавии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина мусоидат дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияту субот дар шаҳри Истаравшан, тарбияи насли истиқлол дар руҳияи худшиносиву ватандустӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан як қатор кормандони дастгоҳи раиси шаҳр бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*