ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДОИР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДОИР ГАРДИД

Субҳи 21 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Истаравшан доир гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла ва як қатор фаъолону зиёиён ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда ба ҳозирин иттилоъ дод.
Сипас, дар мавзӯҳои “Таҳлили вазъи минтақа вобаста ба ҳодисаҳои охир дар кишварҳои ҳаммарз” баромади и.в. сардори Шуъбаи КДАМ дар шаҳри Истаравшан Қаюмзода Маҳмадулло, “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷумла ҳолатҳои ғайриқонунии азхудкунии заминҳо” баромади и.в. Прокурори шаҳр Собирзода Искандар, “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар шаҳр ва роҳҳои пешгирии он” баромади сардори ШВКД дар шаҳр Одиназода Фируз шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаи аввал зарурати тақвияти фаъолият дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ таъкид гардида, бо роҳбарии роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолону зиёиёни шаҳр гуруҳҳои кории тарғиботӣ таъсис дода шуд.
Дар асоси муҳокимаи масъалаҳои дуюм ва сеюм аз ҳозирин тақозо гардид, ки барои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз худ кардани заминҳо, содиршавии ҷиноят, аз ҷумла худкушӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб тадбирҳои муассири саривақтӣ андешида шавад.
Дар ҷамъбаст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баромад карда, роҷеъ ба масъалаи баррасишуда ва тадбирҳои амалии пешбинигардида ибрози назар намуда, барои мақсаднок ва ҳадафрас фаъолият кардани гуруҳҳо дар назди аъзои гуруҳҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*