ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо санаи 22-юми сентябр ҳамчун рӯзи бузургдошти поягузори шеъри тоҷику форс, устоди назми оламгир Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат сокинони вилоят ва бахусус аҳли илму маърифат, олимону адибон, донишҷӯён ва алоқамандони дигари каломи ноби тоҷикиро бо рӯзи бузургдошти ин абармарди фарзона ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ табрику таҳният мегӯям.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз симоҳои бузурги шеъру адаб маҳсуб ёфта, бо назми оламгир, афкору андешаи пурҳикмат ва каломи равону шево барои устуворию пойдории забону фарҳанг ва истиқлолу ҳувияти миллии мо нақши равшан гузоштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми устод Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс таъкид намудаанд: «Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷики шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт».
Воқеан ҳам, хизмати устод Рӯдакӣ ҳамчун поягузори назми оламгир дар он зоҳир мегардад, ки мундариҷаи шеъри тоҷикиро бо мавзӯъҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои зиндагии ҳаррӯзаи инсонҳо, оҳангҳои ҳаётдӯстона ва панду андарз ғанӣ гардонида, ба ин восита дар болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву оянда саҳми арзанда гузоштааст.
Осори устод Рӯдакӣ, ки ҷавҳари онро тарғиби хислатҳои писандидаи инсонӣ ташкил дода, моро ба некиву накӯкорӣ, зиёда аз ҳазору сад сол инҷониб дар фазои зиндагии мардуми мо танинандоз буда, пайки истиқлолу озодӣ, дӯстиву рафоқат, донишу хирад ва накӯкориву ҷавонмардиро мерасонад.

Бори дигар аҳли илму адаб ва тамоми мардуми фарҳандӯсту адабпарвари вилоятро, ки ворисони ростини осори ниёгони бузурги мо ҳастанд, бо Рӯзи Рӯдакӣ табрику муборакбод гуфта, барояшон хотирҷамъӣ, комёбӣ, бахту иқбол, саодати хонаводагӣ ва хушиҳои зиндагӣ таманно менамоям.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*