ҶАЛАСАИ СИТОДҲОИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИСОЗИИ ДУРНАМОИ КИШТИ КАРТОШКА БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ СИТОДҲОИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИСОЗИИ ДУРНАМОИ КИШТИ КАРТОШКА БАРГУЗОР ГАРДИД
21 апрели соли 2021 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва бо иштироки масъулини соҳа ҷаласаи ситодҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои амалисозии дурнамои кишти картошка баргузор гардид.
Нахуст, ҷараёни кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Доир ба масъалаи мазкур Тоҳир Абдувоҳидов сардори раёсати кишоварзӣ баромад намуда, иттилоъ дод, ки тибқи дурнамо дар соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар 2100 га замин кишти картошка ба нақша гирифта шуда, то имруз 552 га ё баробари 26,3% нақша иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 га кам мебошад.
Сипас, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода фаъолияти масъулинро дар самти мазкур ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, нисбат ба фаъолияти раисони ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Ҷавкандак, Қалъаи Баланд, Нофароҷ ва Чорбоғ, инчунин масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳо, ки тибқи амри раиси шаҳр аз 19 феврали соли 2021, №15 вобаста гардидаанд, эродҳои ҷиддӣ гирифт.
Супориш дода шуд, ки минбаъд ҷиҳати назорати ҷиддии рафти кишти картошка нақшаи ҳаррузаи кишт муқаррар ва иҷрои он таъмин карда шавад ва аз рафти амалишавии супориши мазкур ҳар руз маълумот манзур гардад.
Зимнан, дар ҳузури иштирокчиён, ки аксаран аъзои ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошанд, вазъи амалишавии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ муҳокима гардида, роҷеъ ба тақвияти фаъолият ва зери назорати доимӣ қарор додани иҷрои ҳар банди нақшаи чорабинӣ мутасаддиён вазифадор карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*