ҶАШНИ САДА ДАР ИСТАРАВШАН

Ба хотири арҷгузорӣ ба ҷашнҳои милливу куҳан 29 январи соли 2021 дар майдони Маҷмааи фарҳангиву таърихии Қалъаи Муғ чорабинии идона бахшида ба ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар ҷашн ярмарка-фурӯши ниҳол ва маводҳои озуқаворӣ, намоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳанати дастии донишҷӯён аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва литсейи касбии техникӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби варзишгарони шаҳр бозиҳои варзишии миллӣ ташкил карда шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода дар ҷашн иштирок намуда, сокинонро бо ҷашни бостонии Сада табрик намуд. Зимни суханронӣ Адҳам Маъмурзода иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳанги миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрўз расидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардид, иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст”. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.Ҷашни мазкур ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Дар ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои тамошобинон барномаи консертӣ ва намоиши театрикунонидашуда ташкил карда шуд. Ҷашни Садаро сокинони шаҳри бостонии Истаравшан бо хурсандӣ таҷлил намуданд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*