Боздиди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз фаъолият ва корҳои азнавсозии Муассисаи таълимии литсейи касбӣ – техникии шаҳр

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 29 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз фаъолият ва корҳои азнавсозии Муассисаи таълимии литсейи касбӣ-техникии шаҳр боздид ба амал овард.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, бинои асосии муассисаи мазкур аз 2 ошёна ва 24 синфхона иборат буда, айни ҳол дар курсҳои кӯтоҳмуддат 465 нафар хонанда аз рӯи 16 ихтисос таҳсил намуда истодаанд. Ҳамзамон дар муассиса майдончаи варзишӣ, устохонаҳои таълими меҳнат, озмоишгоҳҳои фаннӣ, гармхона, намоишгоҳ, хобгоҳ ва ошхона фаъолият намуда истодааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи рушд дар бинои асосии муассиса корҳои азнавсозӣ оғоз гардида, мавриди истифода қарор додани он дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Пас аз ба истифода додани бинои асосии таълимӣ фарогирии 600 нафар хонанда ба таълиму касбомӯзӣ пешбинӣ гардидааст.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр барои дар мўҳлатҳои пешбинӣ гардида ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои азнавсозӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*