86 Донишҷӯ ба Ватан баргашт.

Ҷиҳати таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8  феврали соли 2017, №835 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва  қарори раиси шаҳр аз 26.10.18 №577 оид ба иҷроиши бандҳои  14 ва 15  моддаҳои  8, 13 аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҳД-и шаҳр нақша-чорабинӣ тартиб дода шудааст. Мувофиқи нақша дар 10 ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳалла  бо иштироки  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пайваста бо аҳолӣ роҷеъ ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”   суҳбату вохӣрӣ ва мулоқотҳо баргузор мегарданд. Дар чунин мулоқотҳо бо иштироки бевоситаи омӣзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӣёни литсейи касбӣ-техникӣ, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва тиббии шаҳр  моҳияти қонунҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, дар ҳудуди бозор ва нуқтаҳои фурӯши китобҳои динии шаҳр дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак аз ҷониби кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД ва намояндагони мақомотҳои қудратӣ фурӯши китобҳои диние, ки бартарии ақидаҳои равияи  салафияро тарғибу ташвиқ мекунанд, пурра  аз байн бардошта ва фурӣшандагони чунин адабиёт   огоҳонида шуданд. Инчунин, сарварони чойхонаҳои  «Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ», «Ҳоҷӣ Мавлон», «Орзу» ва дигар ошхонаву чойхонаҳо муваззаф  шудаанд, ки дар ҳолати  мушоҳида кардани мизоҷоне, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи равияҳои ғайрирасмӣ ҷамъ меоянд,   фаврӣ ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.

Айни замон, тибқи феҳрасти бақайдгирӣ  аз 91  донишҷӣ, ки дар бахш ба қайд  гирифта шуда, дар муассисаҳои динии берун аз кишвар таҳсил доштанд,  86 нафар  ба ватан баргаштанд. Мутаассифона, то имрӯз 5  донишҷӣ дар хориҷи кишвар  қарор доранд. Масъулини  бахш барои баргардонидани он донишҷӣёне, ки то ҳол ба ватан барнагаштаанд,  чораҳои  зарурӣ андешида, бо падару модар ва пайвандони онҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таълиму тарбияи динии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон дар чаҳорчӣбаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти зарурӣ медиҳад.

Дар шаҳру деҳоти Истаравшан то соли 2018  7 масҷиди ҷомеъ ва 74 масҷиди панҷвақта тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” аз қайди давлатӣ гузашта, тибқи мазҳаби ҳанафӣ фаъолият мебурданд. Фаъолияти 12 масҷид бинобар сабаби риоя нашудани талаботи моддаи 10 сархати 1.2, моддаи 32 сархати 1.2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дар асоси протоколи ҳайати муассисон   қатъ ва масҷидҳо ба  ҷойҳои ҷамъиятӣ  табдил дода шуданд.  Аз  ин шумора 4  мас- ҷиди аз фаъолият бозмонда (масҷидҳои  “Гузари 41” аз кумитаи  маҳаллии “Зафар”, шаҳраки Дилшод аз Ҷамоати деҳоти “Қалъачаи Калон”  ва Уялӣ аз Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол”,  Арғу  аз Ҷамоати деҳоти  “Қалъаи Баланд”)  мувофиқи таъинот    истифода   намешаванд. Айни замон дар шаҳр 7 масҷиди ҷомеъ ва 62 масҷиди панҷвақта фаъолият мебаранд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ва рейдҳо  аз тарафи кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳр 23 ҳолати дар ҷойҳои ғайримуқарраршуда  намоз гузоштан    ошкор гардид ва аз  гунаҳкорон тибқи моддаи 474, қисми 1 Кодекси ҳукуқвайрон- кунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷарима ситонида шуд.

Иттиҳодияҳои динии шаҳр баҳри дастгирии   ташаббус ва иҷрои супоришҳои Ҳукумати шаҳри Истаравшан доимо кӣшиш менамоянд.    Бахшида  ба ҷашнҳои Наврӣзи ҷаҳонӣ ва идҳои Фитру  қурбон    масҷидҳои ҷомеъ  ба оилаҳои камбизоат, маъюбон ва ятимони кул  ба маблағи 81 ҳазору 650 сомонӣ кӯмаки моддӣ расониданд. Инчунин, чиҳати ҳиссагузорӣ дар ободонию тозагии шаҳр  7 масҷиди ҷомеъ барои тоза кардани сойи Зарринрӯд  ба маблағи 7000 сомонӣ 1000 литр сӣзишвории дизелӣ харид.  Масоҷид дар маъракаи обунаи соли 2019 фаъолона  иштирок намуда, ба маблағи 80 000 сомонӣ ба  рӯзномаю маҷаллаҳои даврии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  обуна шуда буданд ва имсол   ҳам   дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Бояд қайд кард, ки ба 7 масҷиди ҷомеъ 15  ятими кул  вобаста  шуда,   ҳар моҳ ба суратҳисоби онҳо дар “Амонатбонк” аз ҳисоби хайрияҳои воридгаштаи  ин масҷидҳо маблағ гузаронида мешавад.

Сафарбаркунии шаҳрвандон ба ҳаҷ тибқи дастурамал бо пешниҳоди ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо  амалӣ гардида,  149  зоир  номнавис  ва ба зиёрати хонаи Худо фиристода  шуданд.

Ҷиҳати иҷрои банди нақшаи чорабинии иловагии дохилиидоравии шаҳрӣ дар бораи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”  бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сохторҳои марбута бо волидайн ва хешону пайвандони шахсоне, ки дар ҷангҳои мусаллаҳонаи Ироқу Шом ширкат меварзанд, ё худ дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил ва фаъолият менамоянд, суҳбатҳои инфиродӣ ва корҳои маърифативу фаҳмондадиҳӣ  гузаронида истодаанд.

 Хуршед Ҳакимов, мудири бахши дин, танзими анъана ва

 ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*