95-солагии иштирокчии ҶБВ

Ба хотири қадрдонии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба муносибати 95-солагии Набиев Раҷаббой, намояндагони МИҲД-и шаҳр, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва Шӯрои куҳансолони шаҳр баҳри аёдат ба деҳаи “Ҷарқӯрғон”-и Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, ба хонадони ин марди накӯном ташриф оварданд.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Ғайратулло Неъматов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов, раиси Шӯрои куҳансолони шаҳр Шарифҷон Гадойбоев ва раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷамоати мазкур Холматов Шомат табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва и.в. Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзодаро қироат намуда тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.
Набиев Раҷаббой соли 1925 таваллуд шуда, соли 1943 ба фронт сафарбар шудааст. Дар муҳорибаи давлатҳои Белоруссия ва Полша иштирок кардааст.
Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи дуюм», ва якчанд медалҳои гуногуни ҷангиву ҷашнӣ мукофотонида шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*