Тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои ҷомеа дар Гимназияи #5 шаҳр мулоқоти гурӯҳи корӣ бо намояндагони раёсати маорифи шаҳр ва омӯзгорон доир шуд.
Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темиров Малик ва Хошимзода Даврон, Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Ғайратулло Неъматов ва намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова суханронӣ намуда нуктаҳои асосии Паёмро маънидод намуданд.
Қайд шуд, ки Тоҷикистони соҳибихтиёри мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ дар ҳалли мушкилоту масоили мубрами замон саҳми назарраси худро мегузорад. Дар муддати начандон тӯлонӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

   Ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самти дигари талошҳои пайгиронаи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Чунин мулоқот дар Ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Қалъаи баланд ва Зарҳалол низ доир шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*