ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

28 сентябри соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ бо ҷавонони шаҳри Истаравшан дар мавзӯи “Ҷавонон, Истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид.
Дар мулоқот гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи раиси шаҳри Истаравшан, волонтёрон, ҷавонон ва толибилмони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон нахуст раиси шаҳри Истаравшан мулоқотро оғоз бахшида, вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ ва доир ба зинаҳои аввали фаъолияти хеш, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат давра ба давра такмил ёфтааст, ибрози ақида намуд ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Дар идома муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз ҳизби ҳаракатҳои хатарзо, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии насли ҷавон, посдории фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риояи қонунгузории амалкунанда ва азхудкунии илмҳои муосир аз ҷониби ҷавонон суханронӣ намуд.
Сипас ҷавонони фаъоли шаҳри Истаравшан аз ҷумла, омӯзгори ҷавони муассисаи таълимии ✓15 шаҳр Азимова Фархунда ва хонандаи МТМУ#1 Алимбеков Юсуфҷон маърӯза намуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони шаҳри Истаравшан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми мулоқот ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Рӯзи Истиқлолу озодӣ муборак, эй Ватан” бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волонтёрони фаъол бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ (телефонҳои мобилӣ) қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

             

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*