ШАҲРАКҲОИ ИСТАРАВШАН, ШӮРОБ ВА ҒОНЧӢ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ГАРДИДАНД 12.01.2022 МИҲД Истаравшан Асосӣ, Хабарҳои асосӣ, Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа 0 10 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» баргузор гардид. Озмуни мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида шуд. Бо қарори ҳакамони озмун дар бахши шаҳраки беҳтарин шаҳраки Истаравшани шаҳри Истаравшан, шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ғолиб дониста шуданд. Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раисони шаҳракҳо Ҳайдар Додоев, Алишер Салимов ва Ҳамроқул Қулдошев Диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 6000 сомонӣ, 4000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ супориданд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
Leave a Reply