АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ БАРТАРАФСОЗИИ ТАМБАШАВИИ НАҚЛИЁТ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ МАРКАЗӢ

АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ БАРТАРАФСОЗИИ ТАМБАШАВИИ НАҚЛИЁТ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ МАРКАЗӢ
Субҳи 4 марти соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода якҷо бо Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, ки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз роҳи ҳамшафати назди бозори марказии шаҳр дидан намуданд.
Роҳи мазкур, ки хиёбони Исмоили Сомониро бо кӯчаи Шонатарошон мепайвандад, дар мавриди васеъгардонӣ ва бартарафсозии баъзе иншооти қисмати роҳ метавонад ба талаботи мутобиқ гардонида шуда, барои аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар назди бозори марказии шаҳри Истаравшан мусоидат кунад.
Мавриди зикр аст, ки дар кучаи Шонатарошон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар болои сойи “Зарринрӯд” пули нав бунёд гардида, баъди омода шудани роҳи болозикр ҳаракати яксамтаи нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни боздид аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва роҳбари гурӯҳи корӣ барои ҳарчӣ зудтар оғоз кардан ба корҳои сохтмонӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*