БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ҚОЛИНБОФИИ ДАСТӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Дар шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз коргоҳи қолинбофӣ боздид карда, бо фаъолияти маркази ҳунармандии «Шоҳдурвон» шинос гардид.

Дар коргоҳи қолинбофӣ аз пашми бузи ангорӣ қолинҳои дастӣ омода гардида, рангҳои он бо истифода аз гиёҳҳо омода карда мешавад. Чунин тарзи омодасозии қолинҳо дар Тоҷикистон камназир буда, ҳунармандон тамоми корҳоро дастӣ иҷро мекунанд.

Раиси вилоят ба фаъолияти ҳунармандони марказ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи барномаҳои давлатӣ ҳунарҳои миллии мо рушд ёфта,​ барои соҳибкасб шудани занону бонувон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Тазаккур дода шуд, ки дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят грантҳои махсус ташкил карда, ҳунармандони вилоятро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*