90-СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТИ СОТСИАЛИСТӢ САБОҲАТ ҶАМОЛОВА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

30 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, сокинон ва фаъолони ҷамоати мазкур 90-солагии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ таҷлил гардид.

Ба ин муносибат дар маркази ҷамоати деҳоти болозикр нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҷамолова Сабоҳат гузошта шуда, бо иштироки роҳбарият парда аз нимпайкара бардошта шуд.

Дар маросим зимни суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҳаёт ва фаъолияти пурсамари Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ёдовар гардида, зикр дошт, ки Ҷамолова Сабоҳат барои меҳнатҳои бенуқсону пурсамари хеш дар самти чорводориву ширҷӯшӣ бо ду ордени Ленин ва якқатор медалҳо қадрдонӣ карда шуда, сазовори унвони “Чорводори хизматнишондодаи Тоҷикистон” ва инчунин бо медалҳои тилло ва нуқраи намоишгоҳи комёбиҳои

хоҷагии халқи СССР мукофотонида шудааст. Сабоҳат Ҷамолова борҳо дар Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа ва вилояти Ленинобод интихоб шудааст.

Дар маросим ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаюмов Абдуваҳҳоб ва хешовандону шогирдони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ низ суханронӣ намуда, доир ба хотираҳои хеш аз мавсуф ёд намуданд.

Ҷамолова Сабоҳат 1 июли соли 1933 дар деҳаи Ниҷонии шаҳри Уротеппа (ҳозира Истаравшан) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст, миллаташ узбек, фаъолияти меҳнатиашро соли 1949 ба ҳайси колхозчии колхози “Москва”-и шаҳри Уротеппа оғоз намуда, аз моҳи майи соли 1961 ҳамчун говҷӯши колхози номбурда ба кор мегузарад.

Меҳнати шабонарузии С. Ҷамолова буд, ки дар он давра истеҳсоли шир руз аз руз зиёд шуда, ӯ дар қатори пешқадамон ҷой гирифт.

Солҳои 1975-1976 аз ҳар сар модагови ба ӯ вобасташуда 5000 ҳазор литр шир ҷӯшид.Натиҷаи пурсамари ӯ соли 1976 бо унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ қадр карда шуд.

С. Ҷамолова дар тӯли фаъолияти беш аз 30-солааш ба 25 нафар ҷавондухтарон касби говҷӯширо омӯзонидааст.

Хизматҳои бисёрсолаи пурсамару бенуқсони С. Ҷамолова бо ду ордени Ленин, медалҳо қадрдонӣ карда шудааст. Ӯ сазовори унвони “Чорводори хизматнишондодаи Точикистон” буда, инчунин бо медалҳои тилло ва нуқраи намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР мукофотонида шудааст.

С. Ҷамолова борҳо дар Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа ва вилояти Ленинобод интихоб шудааст ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2005 сафари Хаҷи Акбар доир намуда, 18 декабри соли 2018 дар синни 85-солагӣ ин дунёро падруд гуфтааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*