МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДОИР ГАРДИД

Субҳи 4 январи соли ҷорӣ машварати васеи кории назди раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода доир гардид.

Дар машварати корӣ муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулони соҳаҳо ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бобати нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри сол 2023 ироа гардид, ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки Паёми имсола низ чун ҳарвақта паҳлуҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дарбар гирифта, инчунин ҷиҳати рушди минбаъдаи Тоҷикистон самтҳои асосӣ муайян ва вазифаҳо мушаххас карда шуданд.

Дар ин маврид баландшавии музди меҳнат ва нафақа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таваҷҷуҳи бештар намудан ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти давлат, рушди саноат ва кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тозагии муҳити зист аз ҷанбаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад.

Зимнан, дар асоси супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз натиҷаи сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан, ки 3 январи соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, натиҷагирӣ карда, роҷеъ ба иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар зикршуда, инчунин дастурҳои роҳбарияти олии кишвар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*