РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ «МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КЎДАК »-и​ ШАҲРИ ИСТАРАВШАНРО АЁДАТ НАМУД

3 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз​ Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кўдак»-и​ шаҳри Истаравшан боздид кард.

Иттилоъ дода шуд, ки​ Муассисаи давлатии ​ «Маркази дастгирии оила ва кўдак»-шаҳри Истаравшан дорои 50 кат аст.​ ​ Дар муассиса ҳоло 17 нафар кўдак ба​ тарбия фаро​ гирифта шудаанд, ки​ 8 нафар писар ва 9 нафар духтар мебошанд.

Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони 2023-2024 дар муассиса 2​ генератори барқдиҳанда мавҷуд буда, сўзишворӣ,​ ангишту ҳезум ва маводи ғизоӣ мутобиқи меъёр захира карда шудааст.

Раиси вилоят ба кӯдакон туҳфаҳо супорида, ба муррабиёну масъулин барои нигоҳубин ва тарбияи хурдсолон супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*