НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

Имруз 6 феврали соли 2024 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП – 1729 “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” ва нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам Маъмур баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута ширкат варзиданд.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар соли 2023 маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд рушди бомайлони иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Истаравшан дар соли 2023 таъмин гардид. Мардуми Истаравшани бостонӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ободкориву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, таҳким бахшидани иқтисодиëти шаҳр кӯшишу ғайрати хешро равона хоҳанд кард.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ тибқи регламенти қабулгардида, ки тӯли 60 дақиқа муайян шуда буд, аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, тарғиби арзишҳои миллӣ, инъикоси дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат миннатдории хешро изҳор намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*