Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Истаравшан

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи нишондодҳои Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Истаравшан бунёди як қатор иншооти гуногун идома дорад.

7 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, ҷараёни бунёдкориҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Варсиқи шаҳр сохтмони бунгоҳи тиббӣ идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳа беҳтар хоҳад шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории саховатмандон бунёд гардида истодааст.

Дар деҳаи Чорбоғи шаҳр бошад сохтмони​ муассисаи таълимӣ иборат аз 38 синфхона идома дошта, бо ифтитоҳи он барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтарин фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда ва вусъатбахшии кабудизоркунӣ супоришҳо дод.

Дар идома роҳбари вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули сурх шинос гардид.

Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, бинои муосири маъмурӣ аз таҳхона ва ду ошёнаи барҳаво, толори маҷлис ва инфрасохтори дигари асосию ёридиҳанда иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва​ сокинони 17 деҳаи ҷамоат бо харҷи наздик як миллион сомонӣ қомат хоҳад афрохт.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Истаравшан ва дар доираи омодагӣ ба​ ҷашнҳои милливу давлатӣ сохтмонии​ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ низ босуръат ҷараён дорад.​ Лоиҳаи боғ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят аз Қасри фарҳанги шаҳр, ки имрӯзҳо корҳои сохтмонии он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, боздид кард. Иншооти фарҳангӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст.​ Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг борои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Раиси вилоят аснои боздид барои ба охир расонидани корҳои рангубордиҳӣ ва истифодаи нақшу нигори миллӣ дар иншоот тавсияҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар маркази шаҳр ҷараён гирифт, ширкат варзида, барои сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба масъулин супоришҳо дод.

Дар доираи сафар Раиси вилоят инчунин чанде аз собиқадорони меҳнатро, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоштаанд, аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*