НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ҲАШТ МОҲИ СОЛИ 2021

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ҲАШТ МОҲИ СОЛИ 2021

Субҳи 20 сентябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, масъулини соҳаи идораи замин, комиссариати ҳарбӣ ва дигар масъулин ҷаласаи васеъ доир гардид.
Тибқи нақшаи корӣ нахуст ҳисоботи раиси ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ Хоҷаназаров Рашид шунида шуда, роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ҷамоати деҳот, аз ҷумла ҳуҷҷатнигорӣ, баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон, талабот ба замин, ҷараёни ҷамъоварии ҳосил, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи замин, танзими анъана ва ҷашну маросим, таълиму тарбияи фарзанд супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, аз дигар раисони ҷамоати деҳот ва кумитаҳои маҳалла тақозо гардид, ки камбудиву норасогиҳои ҳаммонанди мавҷударо дар фаъолияти хеш ҳарчи зудтар бартараф намоянд.
Барои омузиши вазъи ҳолати болозикр дастгоҳи раиси шаҳр муваззаф карда шуд, ки марҳила ба марҳила бо таъсиси гуруҳи корӣ аз ҷамоатҳои деҳот боздид ба амал оранд.
Сипас, дар доираи рузномаи маҷлис ҷараёни обуна ба нашрияҳои давлатӣ ва сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии хусусии ҳудуди шаҳр гузориши сардори маркази алоқаи почтаи шаҳрӣ Абдураҳмонзода Афзуналӣ ва муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора шунида шуд.
Аз ҷумла, вобаста ба фаъолияти муассисаҳои тибби хусусӣ таъкид шуд, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 35 адад муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолият доранд.
Дар ин замина гуруҳи корӣ фаъолияти муассисаҳои тиббии хусусии “Шифо”, “АВИС” ва “Абуалӣ”-ро мавриди санҷиш қарор дода, дар баробари пешравиҳо як қатор камбудиҳоро низ ошкор карданд, ки ҷиҳати ислоҳи саривақтӣ пешниҳодҳо манзур гардид.
Дар рафти маҷлис ҳамзамон пешниҳодҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ва Прокуратураи шаҳри Истаравшан оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар самти замин баррасӣ гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷамъбаст нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар ҳашт моҳи соли 2021 аз тарафи раиси шаҳр таҳлилу баррасӣ гардида, вобаста ба ҷамъоварии саривақтии андоз, иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии зироатҳо, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ роҳу нақлиёт, сохтмон ва дигар самтҳо назди масъулин вазифагузорӣ гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*