Хонишҳои сиёсӣ дар Коллеҷ

10.04.2020 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ мулоқоти судманд бо иштироки ҷавонони шаҳр доир ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, шиносоӣ бо санадҳои меъерии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, ВНМО, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”, ” Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва пешгирии вируси “COVID – 19” Каронавирус баргузор гардид.
Вобаста ба мазмуну муҳтавои чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар сармутахассиси бахши Аюбзода Ҷовид ва Роҳбари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Сайфиддинова Шоиста, суханронӣ намуда оиди “Каронавирус” пойдоиши беморӣ, роҳҳои гузариш, аломатҳои он муҳофизат, ёрии аввал, давлатҳои хавф, ҳодисаҳои фавтӣ маълумот дода ва 250 адад маводҳои тарғиботию ташвиқоти тақсим намуда, саволу ҷавоб карда шуд.
Ҷавонони шаҳри Истаравшан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирашон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон арзи сипос баён намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*