Рушди соҳибкорӣ – асоси пешрафти иқтисодиёт

Мардуми шарафманди шаҳру деҳоти Истаравшан бобати фаъолияти соҳибкорӣ нисбат ба дигар минтакаҳои мамлакат пешсаф мебошад. Воқеан дар шароити кунунӣ соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Истаравшан ҳамчун соҳаи мустақил ташаккул ёфтааст ва дар рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр нақши муҳимро мебозад.

Коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли ҳасибу панир, пухтани нону кулчаҳои гуногун, шириниҳои милливу тортҳо ва дигар маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли орду равғани растанӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан, дӯхтани либосҳои миллию истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ҳунарҳо дар шаҳри Истаравшан хеле ривоҷ ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳр истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ аз қабили дару тирезаҳои чӯбӣ ва пластикӣ, блокҳои девории бетониву хишти сохтмон, кошинҳо барои пиёдароҳраву элементҳои меъмории хурд васеъ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷониби соҳибкорони шаҳр солҳои охир даҳҳо иншооту коргоҳҳои хурд ва нуктаҳои хизматрасониву маишӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар тадбири омодагиҳо ба  ҷашни бошукӯҳи миллат 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон дар назар дошта шудааст, ки дар қаламрави шаҳри Истаравшан зиёда аз 450 иншоотҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, бунёди роҳҳо, таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ, бунёди боғҳои истироҳативу фароғатӣ, гулгаштҳо ва толорҳои варзишӣ мариди истифода қарор дода шаванд.

Дар ин давра 274 адад иншооти гуногун бахшида ба ин ҷашни бошукӯҳ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Боиси ифтихормандист, ки яке аз аввалинҳошуда дар миқёси вилоят дар шаҳри Истаравшан мутобиқ ба дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дастгирӣ ва таълимии соҳибкорон” ироа гардида буд, ин амали нек бо дастгирии Раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Амирхон Қурбонзода амалӣ карда шуд..

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Истаравшан Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Истаравшан” бо қарори маҷлиси умумии муассисони ташкилоти мазкур бо суратҷаласи №1 аз 17 августи соли 2019 таъсис додашуда, Шаҳодатномаи ба қайдгирии давлатии Иттиҳодияи Ҷамъиятӣ расман дар Вазорати адлияи вилояти Суғд таҳти № 004-489ТҶ аз 10 октябри соли 2019  ба қайд гирифташудааст ва дар Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рамзи омори ТУКТ (ОКПО) – 30901502 гирифтааст. Инчунин дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дорои Рақами мушаххаси андозсупоранда 620014960 мебошад.

Оинномаи мазкур аз 11 банд иборат буда, муассисони он Маҷидов Мутулло – (роҳбар), Маъмуров Баҳром, Фозилов Муъмин, Худойбердиев Мавлон ва Аслонов Аҳмад мебошанд. Суроғаи ҳуқуқии ташкилот: шаҳри Истаравшан, хиёбони И.Сомонӣ-173, воқеъ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷойгир мебошад.

Ҳадафи асосии фаъолияти Ташкилот ин ҳифзи ҳуқуқӣ соҳибкорон, ташкил ва гузаронидани тадқиқот оиди масъалаҳои соҳибкорон, ёрии амалӣ расонидан ва баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии соҳибкорон мебошад.

Ин иқдоми нек  имконият медиҳад, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии шаҳр фаъолияти масъулини соҳаҳои марбутаро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонӣ ва таълимии соҳибкорон ҷоннок намояд.

 

   

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*