АРҶГУЗОРӢ БА САДОҚАТИ ҲОМИЁНИ ВАТАН

АРҶГУЗОРӢ БА САДОҚАТИ ҲОМИЁНИ ВАТАН
Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва дастури раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода санаи 20 майи соли равон роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фозил Бобозода бо мақсади арҷгузорӣ ба садоқати ҳомиёни Ватан ба манзили оилаи сарбоз Рӯзиев Ҷасур, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ ҷароҳат бардоштааст ва айни ҳол дар беморхона ба табобат фаро гирифта шудааст, ташриф оварда, ба эшон кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ ва маводҳои озуқаворӣ дастрас намуд.
Зимни аёдат аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки хизмати содиқонаву корнамоиҳои ҷавонмардонаи фарзанди хонадон шоистаи таҳсин ва ифтихори мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан буда, ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон дар оянда заминаи басо муҳиму созгор дорад. Волидайни сарбоз Рӯзиев Ҷасур барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳр миннатдории самимии хешро баён намуда, изҳор доштанд, ки фарзанди онҳо барои ҳимояи марзу буми ватани азизамон ҳамеша омода аст.
Дафтари матбуоти шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*