МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА 80- УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ ШОИРАИ ШИРИНКАЛОМ РАЪНОИ САФАРЗОД

МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА 80- УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ ШОИРАИ ШИРИНКАЛОМ РАЪНОИ САФАРЗОД
20 майи соли равон дар толори “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Истаравшан бахшида ба 80-солагии шоираи ширинкалом, омӯзгори беҳтарин, рӯзноманигори варзида ва собиқадори меҳнат Раънои Сафарзод маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили илмӣ-адабӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, дӯстдорони назми ноби тоҷик, омӯзгорону толибилмон, дӯстон, ҳамсабақон ва пайвандони соҳибҷашн ширкат варзиданд.
Сараввал раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода соҳибҷашн Раънои Сафарзод- ро бо рӯзи мелод табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки бо камоли эҳтиром ва ифтихормандӣ Шумо шоираи ширинкалом, омӯзгори варзида, рӯзноманигори оташинсухан, ифтихори шаҳри бостонии Истаравшан, инсони шарифу некном, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва шахсияти кордону соҳибтаҷрибаро бо ҷашни фархундаи 80-солагии зодрӯз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва шахсан аз номи худам шодбош гуфта, ба Шумо зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгорро орзумандам.
Бо ифтихормандӣ қайд менамоям, ки Шумо дар тӯли фаъолияти бисёрсолаатон дар ҷодаи эҷодиёт ба қуллаҳои баланди маънавию илмӣ расидаед ва барои тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ саҳми сазовор гузоштаед.
Итминони комил дорам, ки Шумо ҳамчун шахси фарҳангдӯст ва омӯзгор миёни аҳолии диёр ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ саҳми босазои худро мегузоред.- зикр дошт раиси шаҳри Истаравшан.
Дар идома собиқ раиси шаҳр, собиқадори меҳнат Қурбон Тӯраев соҳибҷашнро ба муносибати ҷашни зодрӯз шодбош гуфта, баҳри заҳматҳову садоқат ва тарбияву раҳнамоии дурусти фарзандони ватан арзи сипос намуд.
Сипас мудири раёсати маорифи шаҳр Пулотова Гулрӯ омӯзгор ва рӯзноманигори варзида Раънои Сафарзодро бо ин рузи фархунда муборакбод намуда, қайд кард, ки тӯли солҳои зиёд аз заҳмату кӯшиш ва ғамхориву ватандӯстии ин зани порсо огоҳ мебошад ва аз ҳамкориву дӯсти бо ӯ ифтихор дорад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндаҳои хушсадои бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз эҷодиёти назмии соҳибҷашн сурудҳои дилнишин сароида, ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*