ПИРОНСОЛОН ВА КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

29 декабри соли ҷорӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои неки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани маъюбону бепарасторон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович ба Муассисаи давлатии маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои маъюбон ва пиронсолони ба номи М. Худойназаров – и шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Сараввал раиси шаҳри Истаравшан бошандагони муассисаи мазкурро бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманд, хонаи кӯдакон, хона-интернати пиронсолону маъюбон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, онҳо пайваста зери парасторӣ ва ғамхориҳо қарор доранд.

Дар Маркази ёрии иҷтимоӣ ба номи Имомназар Худойназаров кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ҷалб ва барояшон шароити хуби таълиму истироҳат фароҳам оварда шудааст, ки ин аз эътибори махсуси давлату Ҳукумат ба ояндаи ҷомеа маҳсуб меёбад. Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба 350 нафар хизмат мерасонад, ки 25 нафарашон кудакони имконияташон маҳдуд ва 325 нафарашон шахсони яккаву танҳо ва камбизоат мебошанд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зуҳуров Абдуазиз Ҳомидович бошандагони муассисаи болозикрро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода шодбош гуфта, ба онҳо саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан барои бошандагони муассисаи мазкур дастурхони идона ороста шуда, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*