АЁДАТИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ВА МАЪЮБ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НИҶОНӢ”

АЁДАТИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ВА МАЪЮБ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НИҶОНӢ”
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” нахуст ба аёдати оилаи камбизоат ва барҷомонда Тӯйчиев Отабек ва маъюб Абдуқулов Аюб рафта, бо онҳо сӯҳбати самимӣ доир намуд.
Ба аёдатшавандагон паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояти Суғд расонида шуда, ҳамзамон кӯмакҳои молиявӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ ҳадя гардид.
Аёдатшудагон аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи доимӣ ба роҳбарияти давлат изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои пойдории сулҳу субот ва шукуфоии кишвар даст ба дуо бардоштанд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*