ИДОМАИ БОЗДИДИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

ИДОМАИ БОЗДИДИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ
Дар доираи нақшаи корӣ нимаи дуюми 13 феврали соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сатҳи зиндагии мардум, омодагии кишоварзон ба мавсими баҳории кишт, ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнӣ ва анҷом додани мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” рафт.
Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” 12382 нафар аҳолӣ дошта, дар ҳудуди он 2 деҳа, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад китобхона, маркази саломатӣ, таваллудхона, бунгоҳи тиббӣ ва дорухона мавҷуд мебошад.
Дар ҷамоати деҳоти мазкур 24 адад чойхона, толорҳои варзишӣ ва хонаи фарҳанг бо 400 ҷои нишаст ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Сокинони деҳот асосан ба кишоварзӣ машғул буда, дар ҳудуди ҷамоат 2400 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*