АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА ЭҲТИЁҶМАНД ДАР ШАҲРАКИ “ВАҲДАТ”

АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА ЭҲТИЁҶМАНД ДАР ШАҲРАКИ “ВАҲДАТ”
17.04.2021
Дар заминаи супоришҳои дахлдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози шиносоӣ аз шаҳраки “Ваҳдат” раиси шаҳри Истаравшан нахуст ба аёдати 10 оилаҳои эҷтиёҷманд ва маъюб рафт.
Зимни аёдат раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо вазъи зиндагии оилаҳои эҳтиёҷманд ва маъюб аз наздик шинос гардид ва бо онҳо сӯҳбати самимӣ анҷом дода, иброз намуд, ки роҳбарияти шаҳр бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии эҳтиёҷмандон ва маъюбон пайваста ғамхорӣ намуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ба аёдатшудагон аз номи роҳбарияти давлат маводҳои озуқаворӣ расонида шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*