ШИНОСОИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ВАЗЪИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРАКИ “ВАҲДАТ” – И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

ШИНОСОИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ВАЗЪИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРАКИ “ВАҲДАТ” – И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”
Субҳи 17 апрели соли 2021 дар доираи нақшаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, шароити зист, вазъи муассисаи таълимӣ, хонаи саломатӣ ва мулоқот бо сокинон ба шаҳраки “Ваҳдат” – и ҷамоати деҳоти “Гули Сурх” рафт.
Шаҳраки “Ваҳдат” 1100 нафар аҳолӣ дошта, дар ҳудуди шаҳраки мазкур муассисаи таълимӣ, маркази саломатӣ, китобхона, майдончаи варзишӣ ва 100 хоҷагӣ мавҷуд мебошад. Аҳолии шаҳрак асосан ба чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, дар ҳудуди он 20 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфтааст.
Сокинони шаҳраки мазкур бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2000-ум дар доираи барномаҳои дахлдори давлатӣ вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ аз деҳаи Вашанги ноҳияи Айнӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*