АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ВА ОИЛАИ КАМБИЗОАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САБРИСТОН

Субҳи 10 феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаи корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷиҳати шинос шудан бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон ба ҷамоати деҳоти Сабристон рафт.
Дар деҳоти мазкур 18483 нафар аҳолӣ истиқомат дошта, дар ҳудуди он 3 деҳа, 3 корхонаи саноатӣ, 3 муассисаи таълимӣ, 3 нуқтаи соҳаи тандурустӣ ва 1456 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд мебошад.
Дар доираи супоришҳои дахлдори Роҳбарияти Олии кишвар ва вилоят нахуст собиқадори соҳаи тандурустӣ Хидиров Мелис аёдат карда шуд. Мавсуф дар синни мубораки 86 қарор дошта, аз нахустин кадрҳои маҳаллӣ дар соҳаи тандурустии шаҳр маҳсуб меёбад ва баъди расидан ба синни нафақа ба тарбияи шогирдону фарзандон машғул буда, ҳамзамон бо тавсияи ӯ дар ҳудуди замини наздиҳавлигиаш ниҳолҳои ороишӣ парвариш карда мешавад.
Баъдан, собиқадори меҳнат, иштирокчии ҶБВ (дар ақибгоҳ), модари 97-сола Ёқубова Хайрӣ, ҳамзамон як оилаи камбизоат аз деҳаи Вогат аёдат карда шуданд. Ба онҳо маводи озуқаворӣ ва кумакҳои яквақтаи молиявӣ расонида шуд.
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*