ТЕЪДОДИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲР ЗИЁД ГАРДИД

Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр қарори дахлдор вобаста ба зиёд намудани теъдоди стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ба тавсиб расид.
Қарори мазкур дар заминаи иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вабаста ба эълон гардидани “Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳия гардида, Низомнома ва ҳайати комиссияи стипендия дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.
Муҳимтар аз ҳама теъдоди гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 20 ба 50 нафар расонида шуда, ҳаҷми стипендия низ 900 сомонӣ муқаррар гардид.
Тибқи Низомнома аз теъдоди умумӣ 5 стипендия барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 15 стипендия барои хонандагони синфи 9, 15 стипендия барои хонандагони синфи 10 ва 15 стипендия барои хонандагони синфи 11 муайян карда шудааст.
Инчунин, Низомнома талаботро барои хонандагони литсею гимназияҳо низ дар алоҳидагӣ муқаррар карда, як қисми стипендия ба хонандагони чунин навъи муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ шудааст.
Қарори мазкур хусусияти доимӣ дошта, минбаъд ҳамасола дар асоси он озмун барои дарёфти стипендияи раиси шаҳри Истаравшан аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир мегардад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*