БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

9 августи соли ҷорӣ бахшида ба рӯзи варзишгарон бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар муассисаи таълимии варзишии №1-и шаҳр ҷамъомади идона баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро бо рӯзи идашон табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно дошт.

Зимни суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан зикр дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо, варзиш ҳамчун муаррифгари миллат рушду нумӯъ карда, вобаста ба ташаккули он тадбирҳои муассир дар кишвар амалӣ гардида истодааст. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳавасмандии варзишгарон гувоҳи гуфтаҳои боло буда, таваҷҷуҳи хосу ғамхории беназири Пешвои муаззами миллатро нисбати парчамбардорони кишвар нишон медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки дар замони истиқлолият соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин замина, тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.

Боварӣ дорам, ки варзишгарони шаҳр бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбубу муаззами миллат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар як вазишгари шаҳр барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини биҳиштосо саломатии бардавомро орзу дорам. Рӯзи варзишгарон муборак,- зикр дошт раиси шаҳри Истаравшан.

Дар идома як қатор собиқадорону мураббиён, варзишгарон ва кормандони соҳаи варзиш аз ҷониби раиси шаҳр бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*