ҲУНАРМАНДОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА СОКИНОНИ ПОЙТАХТ ШОМИ ФАРҲАНГӢ ТАҚДИМ КАРДАНД

Шоми 6 августи соли ҷорӣ дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангии аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Қабл аз оғози барномаи идона муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода баромад карда, ба сокинону ҳунармандонишаҳри Истаравшан барои доир намудани намоши маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва пешкаши таъомҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Сипас, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бо иқдоми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баргузор гардидани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла шаҳри Истаравшанро намунаи равшани рушди бемайлони санъату ҳунар ва мусоидат ба рушди соҳа арзёбӣ намуданд.

Дар идома, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-адабӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Сипосномаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб тақдим карда шуд.

Барномаи пуршукӯҳи адабӣ – фарҳангии ҳунармандони шаҳри Истаравшани бостонӣ табъи аҳли нишаст ва сокинону меҳмонони пойтахтро болида гардонид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*