БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Субҳи 17 январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар доираи нақшаи корӣ аз оғози корҳои таъмирии шуъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи марказии шаҳрӣ боздид намуд.

Мавриди зикр аст, ки шуъбаи мазкур бинобар солҳои зиёд фаъолият намудан, фарсуда гардида буд ва ҳамакнун бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми 570 ҳазор сомонӣ охири соли 2023 корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз карда шуданд.

Дар идома, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази тиббию ташхисии хусусии “Салоҳиддин”, ки аз ҷониби соҳибкор Машҳура Ҳайдарова бо тарҳи муосир бунёд гардида истодааст, шинос гардид.

Тавре аснои боздид ба раиси шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, баъди мавриди истифода қарор гирифтани маркази тиббию ташхисии мазкур зиёда аз 20 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, таҷҳизотҳои зарурӣ аз хориҷи кишвар дастрас карда мешавад.

Раиси шаҳр зимни суҳбат бо сохтмончиён ва масъулин барои ҳарчи зудтар ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*