МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ ВИЛОЯТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ” ва “НИҶОНӢ”

Нимаи дуюми 16 январи соли 2024 дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи баргузории вохўрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон мулоқоти вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Гули сурх”, №33, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти “Гули сурх” ва “Ниҷонӣ”доир гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода мулоқотро оғоз намуда, доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша кард ва татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои оянда муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Гули сурх”, №33, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода вобаста ба ҳадафи баргузории мулоқоти мазкур, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои корам, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан даъвати ҳарбӣ, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, бо касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтани писарону духтароне, ки пас аз гирифтани таҳсилоти асосӣ таҳсилотро тарк намудаанд, инчунин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва минтақа нигаронида шуда, доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 ва махсусан дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Интихобкунандагон низ дар навбати худ зимни баргузории мулоқот доир ба ҳалли муаммоҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, инчунин андешаҳои хешро дар самти ободониву созандагӣ манзур намуданд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу амонӣ ва беҳтар гардидани шароити зист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро баён доштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*