БО ДАСТГИРИИ БЕВОСИТАИ СОҲИБКОРОН ОШЁНАИ ДУЮМИ ТАВАЛЛУДХОНАИ ШАҲРӢ АЗ ТАЪМИРИ КУЛЛӢ БАРОВАРДА ШУДА, МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми як қатор соҳибкорони маҳаллӣ соли 2023 корҳои таъмири куллии ошёнаи дуюми таваллудхонаи шаҳрӣ оғоз гардида буд. Айни замон ин қисми бинои таваллудхона бо тарҳу сифати замонавӣ бо таъмини таҷҳизотҳои зарурии муосир аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Дар доираи нақшаи корӣ 17 январи соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо корҳои иҷрошуда шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмончиён баҳои баланд дод ва ба ҳамаи ташаббускорону саҳмгузорон, ки ба ин кори хайр саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр, аз ҷумла масъулини таваллудхонаи шаҳрӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, тақвият бахшидани фарҳанги муошират бо беморон ва зери назорати қатъӣ қарор додани вазъи саломатии модару кӯдак супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*