БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №55

Нимаи дуюми 9 августи соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии №55 дидан намуд.

Тавре зимни боздид ба раиси шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, бинои иловагии сохташудаистода, барои ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ ва як синфхонаи таълими меҳнат дар назар дошта шудааст. Мавриди зикр аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шуда, дар ин замина пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани бинои иловагии таълимии болозикр мушкилоти сокинони атроф вобаста ба норасоии синфхонаҳо ҳалли худро пайдо намуда, шароити мусоиди илмомӯзӣ барои хонандагон фароҳам оварда мешавад.

Раиси шаҳри Истаравшан аснои боздид ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*