БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ, ВАРЗИШГОҲИ МТМУ №56 ВА БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ, ВАРЗИШГОҲИ МТМУ №56 ВА БИНОИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”
Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравашан аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар деҳаи Бафоӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла варзишгоҳи муассисаи таълимии №56 ва бинои маъмурии ҷамоати деҳот дидан намуд.
Тавре аснои боздид ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, сохтмони варзишгоҳи муассисаи таълимии №56 моҳи июни соли 2017 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон дар рафти шиносоӣ аз вазъи муассисаи таълимӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр сӯҳбати корӣ бо хонандагон ва ҳайати омӯзгорон доир гардида, ҷиҳати истифодаи самараноки шароитҳои фароҳам овардашуда тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳот дидан намуда, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*